Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кул, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана (ESCAP) ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ доданд.
Дар вохӯриҳо ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) дар бахшҳои обу иқлим, муҳити зист, паст кардани хатари офатҳои табиӣ, нақлиёт табодули афкор намуданд.
Инҷунин дар ҷараёни он доир ба натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки дар доираи «Раванди оби Душанбе» аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо оид ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар ҳошияи ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






