Дар шаҳри Бохтар ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 40 метр, паҳнои 20 метр ва чуқурии аз 1,8 метр то 2,2 метр ба истифода дода шуд. Ҳавзи шиноварӣ дорои дастгоҳҳои махсуси обтозакунӣ (филтр) ва обпарто буда, мутобиқ ба стандартҳои муосири варзишӣ сохта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Ҳавзи шиноварӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дорои бинои маъмурии 2-ошёна, ҳуҷраҳои кории мураббиёни варзиши шиноварӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва шустушӯи бадан мебошад. Дар назар аст, ки минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.
Гуфта шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ба гуфти масъулини вилояти Хатлон, имрӯз дар вилоят 40 варзишгоҳ, 3196 майдончаи варзишӣ, 574 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 маҷмааи варзишӣ, 37 мактаби варзишӣ ва дигар иншооти махсуси варзишӣ амал менамоянд. Шумораи умумии мураббиён то соли 1991 354 нафар буд, ки имрӯз ин теъдод ба 683 нафар ва шумораи варзишгарон аз 8086 нафар ба зиёда аз 18 ҳазор нафар расидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






