Дар Тоҷикистон дар доираи эълони Солҳои рушди саноат 251 корхонаи нав ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2025» дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 1714 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки аз 251 корхонаи мавриди истифода қарордодашуда, ба шаҳри Душанбе 62, вилояти Хатлон 40, Суғд 91, шаҳру ноҳияҳҳои тобеи ҷумҳурӣ 39 ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 адад корхона рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 раванди таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилоятҳои Суғд 113,1 фоиз, Хатлон 110 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,4 фоиз таъмин гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






