Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёду таҷдиди роҳ дар минтақаи «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» долони транзитии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия»-ро такмил хоҳад бахшид»

Июль 6, 2024 14:22

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бунёду таҷдиди роҳ дар минтақаи «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» долони транзитии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия»-ро такмил хоҳад бахшид.

«Вобаста ба ин, пешниҳод намудем, ки имконияти бунёду навсозии қитъаи шоҳроҳи «Душанбе-Кулма» дар минтақаи ноҳияи Рӯшон то гузаргоҳи сарҳадии «Кулма — Қарасу»мавриди баррасӣ қарор дода шавад.Ҳамчунин, мо пешниҳод дорем, ки ҷиҳати бунёди роҳҳои автомобилгард ва оҳан дар масири «Чин-Тоҷикистон-Афғонистон» ба манзури густариши робитаҳо ва тавсеаи тиҷорати минтақавӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.

Президенти мамлакт хотирнишон намуданд, ки дар баробари нақлиёту коммуникатсия, мо ҳавасмандии ҷониби худро ба ҷалби бештари сармояи Чин ба бахшҳои гуногуни саноат, бахусус, саноати сабук ва хӯрокворӣ, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод, зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳо таъкид намудем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2024 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд