Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 1,1 милллион мусофир хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ,28.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои хориҷи дур –«Флай Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Эйрлайнз»-и Туркия, «Вориш Эйрлайнз»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Давлати Қувайт ва «Бута Эйрвейз»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил- «Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7», «Ямал»-и Федератсияи Русия, «Эйр Астана»-и Қазоқистон, «Узбекистон ҳаво йуллари»-и ва 1 ширкати ватанӣ- «Сомон Эйр» ба амал оварда мешавад. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои авиатсионии Тоҷикистон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 1,1 милллион мусофир хизмат расонидааст, ки аз ин шумора 537 ҳазору 434 нафар мусофирони ба Тоҷикистон омада ва 603 ҳазору 510 нафарро мусофирони берун аз ҷумҳурӣ рафта ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда, дар ин давра 1325 тоннаро ташкил дод, ки аз ин шумора 185,8 тона бори содиротӣ ва 1139,2 тонна борро воридотӣ ташкил медиҳад.
Инчунин дар соли равон шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 4070 ададро ташкил дод, ки аз ин шумораи хатсайрҳои хизматрасонидашуда 3839 адад хатсайрҳои мунтазам ва 231 адад хатсайрҳои чартерӣ мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






