Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G 157 истгоҳи базавӣ насб гардид»

Июль 24, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G 157 адад истгоҳи базавӣ насб гардид. Дар назар аст, ки дар мамлакат баҳри пурра таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G то 8 ҳазор истгоҳи базавӣ насб карда шавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Муртазозода иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ, интернети баландсуръат ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа тадбирҳои зиёд андешида шуда, дар ин раванд сатҳу сифати фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ беҳтар шуд. Солҳои охир дар мамлакат мағозаҳои интернетӣ, марказҳои хизматрасонӣ зиёд шудааст, ки аксари онҳо фаъолияти худро тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба роҳ мондаанд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайваст ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» 7,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 4,8 миллион нафари он муштариёни фаъол мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,18 миллион нафарро дар бар мегирад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд