Хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ чароғон карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Устуворӣ тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур дар масофаи 600 метр чароғон карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти ин шаҳр хабар доданд.
Ин гуна тадбирҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сайру гашт ва фароғати сокинони шаҳри Хоруғ андешида мешаванд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани имконияти хизматрасонӣ ба мардум дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо шарикони рушд, дар доираи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ, марҳилаи 2 ва лоиҳаи «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» ба Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии об ва канализатсия дар шаҳри Хоруғ 3 нақлиёти хизматӣ тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






