Ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбарони бонкҳои марказии ҳар ду давлат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Толеҳ Казимов имрӯз дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад хабаринигори АМИТ «Ховар».
Мулоқот дар доираи ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардида, дар он ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории байнибонкӣ ибрози назар намуданд. Хусусан имзои «Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон» ва «Ёддошт байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»-ро натиҷаи мусбати вохӯрӣ ва ташрифҳои мутақобилаи роҳбарони бонкҳои марказии ду давлати бо ҳам дӯст арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба тақвияти ҳамкории низоми бонкии ҳар ду давлат табодули назар карда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкорӣ талош хоҳанд намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароит ҷиҳати кушодани бонк ё намояндагиҳои бонкҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, рушди муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ҳар ду мамлакат, табодули таҷриба дар соҳаи назорати бонкӣ ва суғурта, рушди бозори сармоя ва татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз масъалаҳои навбатии муносибатҳои дуҷониба маҳсуб мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






