Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази миллии тестӣ, МД «Тоҷикфилм» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мешавад.
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 (кӯчаи Дӯстии халқҳо 94, бинои Муассисаи давлатии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе», рӯ ба рӯи ТВ «Варзиш») доир мегардад.
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм баргузор мешавад.
Дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ соати 09:30 доир мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар якҷоягӣ бо Донишкадаи исломии Тоҷикистон соати 10:00 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон барпо мешавад.
Дар Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






