«ИНЪИКОСИ ОБУ ПИРЯХ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии Панҷакент намоиш ифтитоҳ ёфт

Июль 30, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи «Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони тоҷик оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии осорхона Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Намоиш бо мақсади муаррифии шоистаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ташкил гардид. Дар намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳизода ва роҳбарияти шаҳри Панҷакент, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим сухан намуданд.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон офарида шуда, дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасорон, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, пешниҳод шудаанд.

Намоиши «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» то 14 август идома ёфта, дар ин муддат сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо офаридаҳои рассомони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.

АКС:Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

 

 

Июль 30, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд