Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA гардид

Июль 22, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA (Платформаи минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии амнияти аэронаивгатсионӣ барои Аврупо ва Осиё) гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар медиҳад.

Созишномаро муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронаигатсия» Даврон Шодмонбекзода ва муовини директори генералии Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Туркия Ҷенгиз Пашаоғлу ба имзо расониданд.

SOCEA платформаи минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии бехатарии аэронавигатсия барои Аврупо ва Осиё буда, моҳи августи соли 2023 таъсис ёфтааст. Айни ҳол панҷ давлат- Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Озарбойҷон аъзои он мебошанд. Ҳадафи асосии SOCEA таъмини амнияти аэронавигатсия ва афзоиши ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа мебошад.

Намояндагони давлатҳои аъзои SOCEA масъалаҳои маъмурии фаъолият ва сохтории онро баррасӣ карданд. Бо мақсади шомил шудан ба SOCEA як қатор таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ, аз ҷумла Аврупо маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон намояндагони давлатҳои аъзои SOCEA аз манораи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва Маркази идораи оперативии фурудгоҳи Истамбул дидан намуданд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии фазои ҳавоӣ тақрибан 2 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Июль 22, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид