Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси ВМКБ бо пирӯзии дастаи Бадахшон 1 анҷом ёфт
ХОРУҒ, 28.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар он даҳ даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд, бо пирӯзии дастаи Бадахшон -1 ба поён расид.Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Душанбе- 2 ва Бадахшон- 2 гирифтанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Мусобиқаи мазкур аз 20 то 23 июл баргузор гардид, ки дар он даҳ даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се даста, аз шаҳри Душанбе 2 даста, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ду даста ва аз вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок карданд.
Сармураббии дастаи Бадахшон -3 Саидҳасаншо Саидҳастаншоев баргузории чунин мусобиқаҳоро дар рушди волейбол ва кафшу ҷалби наврасону ҷавонон ба тимҳои мунтахаби вилояту ҷумҳурӣ хеле муҳим шумурда, гуфт, ки дар ин мусобиқа низ чеҳраҳои нав аз маҳорату истеъдоди худ дарак доданд ва мо кӯшиш мекунем, ки минбаъд онҳоро бештар ба омӯзишу тамринҳо ҷалб намоем.
Дар давоми се рӯзи рақобат, дастаҳои Бадахшон -1 ва Душанбе- 2 ҳамаи рақибони худро бо пирӯзӣ пушти сар гузоштанд ва дар бозии ниҳоӣ дар рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд.
Дар ин бозӣ дастаи Бадахшон -1 дастаи Душанбе -2-ро шикаст дода, дар сархати ҷадвали мусобиқа қарор гирифт ва Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро соҳиб гашт. Дастаҳои Душанбе- 2 ва Бадахшон -2 соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм шуда, бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ сазовор дониста шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






