Нисбат ба 24 корманди Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали имсол нисбат ба 36 нафар, аз ҷумла нисбат ба 24 корманди Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо ва 12 хизматчии давлатӣ барои содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, қариб ҳамаи онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардиданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.
Ориф Хоҷазода гуфт, ки Кумитаи давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ корҳои муайян ба сомон расонида, давоми солҳои 2020-2024 127 нафар корманди Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», инчунин 54 хизматчии давлатӣ аз вазифаи ишғолкардаашон озод гардиданд.
Дар шаш моҳи аввали имсол 4 раиси кумитаҳои идораи замин ва 1 муовини раиси кумитаи идораи замин бинобар сабаби даст задан ба ҷиноят аз вазифаи ишолнамуда озод карда шуданд.
«Ҳарчанд дар ин самти фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, роҳбарияти Кумитаи давлатӣ мунтазам масъалаи пешгирии даст ба ҷиноят задани кормандонро дар ҷаласаҳои машваратӣ ва ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор диҳад ҳам, далелҳои даст ба ҷиноят задани кормандон то ҳанӯз мавҷуд мебошанд. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта корбарӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ минбаъд низ идома меёбад»,-гуфт раиси Кумитаи давлатӣ.
Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши кормандони корхонаҳои бақайдгирӣ Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ташкилоти бақайдгирии давлатӣ таъсис дода шуда, барои хизматчиёни давлатӣ ҳар рӯзи панҷшанбе хониши идоравӣ ва мунтазам бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ мулоқот баргузор мешавад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






