Пешвои миллат: «Тоҷикистон аз иштироки фаъолонаи соҳибкорони Чин ҷиҳати бунёди паркҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсолоти калонҳаҷми муштарак истиқбол хоҳад кард»

Июль 6, 2024 11:07

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии мо аз иштироки ҳарчи бештар фаъолонаи соҳибкорони Чин ҷиҳати бунёди паркҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсолоти калонҳаҷми муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истиқбол хоҳад кард. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан дар соҳаи саноат ва ба ҷорӣ намудани истеҳсоли «маҳсулоти сабз» бо арзиши баланди иловашуда ва «технологияҳои сабз», аз ҷумла автомашинаҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои электрикии ҳушманд аз бахшҳои авлавиятнок дар ин ҷода дониста шуданд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотӣ, ки 5 июл аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иброз доштанд.

«Аз саҳми ҷониби Чин дар сохтмону навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос кардем», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои табиии худ, ният дорад дар оянда иқтидорҳои тавлиди энергияи таҷдидшавандаро чун заминаи калидии пешбурди «иқтисоди сабз» дучанд афзоиш диҳад. Дар ин замина аз густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус, вобаста ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ ҳамаҷониба истиқбол менамоем.Омодаем, ки дар ин самт ҳамкории созанда ва барои ҷонибҳо судмандро бо Чин тавсеа бахшем».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2024 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид