Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор шуда, дар он роҳбарони парлумонҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 18 масъала, аз ҷумла изҳорот дар бораи авзоъ дар навори Ғазза ва Низомнома дар бораи мақоми нозир дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи иштироки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мушоҳидаи интихоботи пешазмуҳлати президентӣ дар Озарбойҷон, интихоботи парлумонӣ дар Беларус ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон дар бораи омодагии нозирони байналмилалӣ аз Ассамблея ба интихоботи палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон ва Миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гузориш дода шуд.
Аъзои Шуро дар идома номзадро барои дарёфти Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов дар соли 2024 баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин санади муҳим – Низомнома дар бораи мақоми нозир дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардид. Масъалаҳои фаъолияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омодагӣ ба ҷашни 80-солагии Ғалаба низ муҳокима карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 натиҷагирӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






