Роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо вазъи корҳои саҳро дар хоҷагиҳои кишоваразии Ҷамоати деҳоти Навобод шинос гардид

Июль 19, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 19.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти шаҳри Ҳисор мавсими ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот идома дошта, кишоварзони ҳар рӯз даҳҳо тонна маҳсулоти хушсифатро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор имсол ҳосили фаровон ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки иҷрокунандаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ҳамроҳ бо аъзои зергурӯҳи кории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод рафта, бо рафти корҳои саҳро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шинос гардид.

Дар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор парвариши полезиву боғдорӣ рушд намуда, 254,7 гектарро ангурзор ва 694,3 гектарро майдони мевагиҳо ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 204,9 гектар боғи ҳосилдеҳи ангур ва 497,4 гектар боғи ҳосилдеҳи меваҳои донакдор- себ, гелос, олу, шафтолу ва ғайра мебошад.

Таъкид шуд, ки боғҳо ҳосили фаровон дошта, боғдорон дар сурати сари вақт ҷамъоварӣ ва захира намудан, имкони фоида зиёд ба даст оварданро доранд. Дар таъминоти соҳа бо оби полезӣ, ки худҷорист, айни ҳол мушкилӣ ба чашм намерасад.

Инчунин Ҷаббор Носирзода бо ҳолати парвариши зироати кишоварзӣ, бахусус пахта ва коркарди агротехникии он, рафти кишти такрории зироат ва корҳои ободонию созандагӣ дар хоҷагии «Ҳайдар Миров» шинос гардид.


Тавре ба мушоҳида расид, дар ин хоҷагии ҷамъиятӣ ва баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҳои агротехникӣ-ягонаву аз алафҳо тозакунӣ, коркарди байниқаторҳо, обмониву ғизодиҳӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда нашуда, нашъунамои ниҳоли пахта на дар ҳама майдонҳои пахтазор хуб ба назар мерасад.

Аз фориғболии баъзе аз масъулин дар баъзе қитъаҳо, пахтазорро алаф зер карда, аз нашъунамо боздоштаст, бинобар ин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон ба мутахасисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, вусъати кишти такрорӣ, ҷамъоварии маҳсулоти тайёр, рӯёнидани чанд ҳосил дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Дар идома раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилотии №21, деҳаи Чуқурак ва №72, деҳаи Навобод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд мегардад, шинос гардид.

Ба масъулони сохторҳои шаҳр барои дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ супориш дода, гуфта шуд, ки дар арафаи соли нави таҳсил синфхонаҳои кушоду барҳаво дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз хоҳанд намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои бомпӯш намудани якчанд синфхонаи бомҳояшон фарсудаи мактаби №21 ба миқдори зарурӣ болопӯш дастрас гардида, боми муассиса таъмир хоҳад шуд.

Инчунин роҳбарияти шаҳри Ҳисор аз растаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода, ки тоҷирон ташкил намудаанд, дидан намуда, барои бартараф кардани хаймаҳое, ки талаботи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ мувофиқ нестанд ва таъби харидоронро хирра месозад, дастур дода шуд, ки намои зоҳириву дохилии растаҳои савдоро ороиш диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 19, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва иқтисодии SPECA баргузор мешавад
Дар шаҳри Левакант дар шароити хона занбурӯғ парвариш карда мешавад
Дар Душанбе бо ҳайати сармоягузорони Амрико ва Британияи Кабир мулоқот доир шуд
Созишнома оид ба тартиби ҳамкорӣ дар минтақаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Тошканд ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон мулоқот намуд
Ҳамкории соҳибкорони шаҳри Кӯлоб бо сармоягузорони Федератсияи Русия тақвият меёбад
Намояндагони Хуросони Разавӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват шуданд
Ҳамкории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Русия тақвият меёбад
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ назаррас аст
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас баргузор мегардад
Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон 338 субъекти хизматрасон ва 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд