РУШДИ СОҲАИ ЗАНБӮРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 659 тонна асал истеҳсол шудааст

Июль 29, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ то нимаи моҳи июли соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 276,6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар мамлакат  659 тонна асал истеҳсол шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Соҳаи занбурпарварӣ афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар доираи амалишавии «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» 423 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 340 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харидорӣ гардида, ба 39 нафар занбӯриасалпарвари инфиродии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг зимни суханронӣ дар машварати занбӯриасалпарварӣ изҳор доштанд, ки «Заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад».

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.

«Маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот карда шавад»,- афзуданд Сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки асал яке аз маҳсулоти табиии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатиест, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш,  ҳакими бузурги машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асалро дар қатори дигар маводи табобатӣ ҷой дода, чунин гуфта буд: «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад».

Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар мамлакатҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон  васеъ мавриди истифода аст.

Мувофиқи тадқиқот, 70 фоизи   дарозумрони дунёро занбӯрпарварон ташкил медиҳанд. Истеъмоли асал ва маҳсулоти занбӯр сабаби  дарозумрии онҳо гардидааст.

Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро корхонаҳои хишти пухта, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва парандапарварии ноҳияи Нуробод аз фаъолият боз мондаанд?
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилояти Суғд бо корхонаҳои саноатии Русия тақвият меёбад
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 1,1 милллион мусофир хизмат расонидааст
Дар Тоҷикистон дар доираи эълони Солҳои рушди саноат 251 корхонаи нав ба истифода дода шуд
Сомон Эйр дар соли равон тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ ва чартерӣ қариб ним миллион мусофир интиқол додааст
Дар ноҳияи Рӯдакӣ зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд
Байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази илмӣ -тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Чин Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти метрология ба имзо расид
Соли равон дар Суғд ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид