Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард

Июль 24, 2024 12:11

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вокалист аз Тоҷикистон Шоҳрух Юнусов дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии опера дар назди Театри «Остона Опера» таҳти унвони «Бо забонҳои модарӣ» ҳунарнамоӣ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «24KZ».

Дар консерт ҳамчунин намояндагон аз Хорватия, Русия, Қазоқистон ҳунарнамоӣ карда, дар баробари сароидани сурудҳо аз репертуари операи ҷаҳонӣ, инчунин сурудҳои мардумиро бо забонҳои модарии худ иҷро намуданд.

Барои Академияи байналмилалии опера ин хатми дуюм аст. Онро дар асоси таҷрибаи театрҳои ҷаҳонӣ таъсис доданд.

Барои мисол, ингуна студияҳо дар операи миллии Париж, Театри калон дар Москва ва ё театри недерландии опера арзи вуҷуд доранд. Дар Театри «Остона Опера» аллакай вокалистони ҷавон маҳорати худро такмил доданд.

Хатмкардаи Академияи байналмилалии операи «Остона Опера» аз Тоҷикистон Шоҳрух Юнусов, ки бо садои худ Италияро мафтун кардааст, чунин изҳор дошт: «дар ҷаҳон кам ҷойҳое ҳаст, ки барои иҷрои нақшҳои асосӣ ба солистони ҷавон чунин имконият медиҳанд. Ман дар операҳои «Иоланта» ва «Евгений Онегин»-и П.Чайковский, «Эликсири ишқ»-и Г. Донисетти» баромади худро иҷро намудам».

Директори иҷроияи Академияи байналалмилалии опера «Astana Opera» Айсулу Тани гуфт, ки « ҳарчанд Академияи байналмилалии опера ташкилоти ҷавон аст, вале то ба имрӯз, аллакай хатмкунандагони он ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд, яъне, Академияи опера дар саросари Осиё баҳогузорӣ шуда, вокалистон аз тамоми ҷаҳон мехоҳанд ба он дохил шаванд».

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2024 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода