СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст

Июль 25, 2024 14:35

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории техникии Кумита дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи қатъномаи мазкур таҳия карда шуд. Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва ЮНЕСКО Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун аъзо, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил мебошад. Тамоми чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ҷаласаи кумитаи мазкур баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Гуфта шуд, ки Кумита дар раванди баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланди Раванди оби Душанбе, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе вобаста ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда Форуми пиряхҳо, cе чорабинии канорӣ, намоишгоҳ ва 13 вохӯрии раиси Кумита бо роҳбарони ҳайатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир гардида, масъалаҳои муҳими марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид