ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 16, 2024 08:00

16 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд суханронӣ намуданд.

***

16 июли соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор ташриф оварда, бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуданд.

***

9 сол пеш, 16 июли соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва шумораи зиёди муҳандисону бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» машварати корӣ анҷом доданд. Зимни суханронии Президенти мамлакат, аз ҷумла изҳор гардид, ки «корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, вале фаъолияти оянда ҳанӯз ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекунад».

***

16 июли соли 2016 варзишгари машҳури тоҷик, парчамбардори Тоҷикистон Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки  16-уми июли соли 2016  дар шаҳри Душанбе, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барпо гардид, гирифта шуд. Номбурда аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 паҳлавонони  тоҷик дар мусобиқаи  Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо байни наврасон, ки 16 июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек анҷом ёфт, як медали тилло, як нуқра ва се медалии биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқа медали тиллоро варзишгари ҷавони тоҷик  Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни 81 кг ба даст овард. Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни 100 кг соҳиби медали нуқра гардид. Машраб Раҳмонов дар вазни 90 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

***

16 июли соли 2018 дар шаҳри Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои пешбари бахши иқтисодии ду давлат иштирок намуданд. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама, ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

4 сол қабл, 16 июли  соли 2020  бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин якумин нишасти вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

***

16 июли соли  2022 дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд. Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбад.

***

Як сол пеш, 16  июли  соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрӣ дар самти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи «Мактаби маҳорати педагогӣ» даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» ба роҳ монда шуд.

16 ИЮЛ:

Дар Уругвай – Рӯзи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.

Июль 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Вахш даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар мавзеи «Кӯли ҷавонон» ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Боку консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Душанбе рақамикунонии низоми судӣ баррасӣ гардид