ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июл, душанбе, 190-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 8, 2024 08:00

8 июли соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

***

8 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии байни мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзуъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

***

14 сол қабл, 8 июли соли 2010 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил дод.

***

8 июли соли 2013 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бинои нави Прокуратура ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои кории бино кушоду барҳаво буда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар шафати бинои асосии прокуратураи ноҳия меҳмонхона, ошхона ва толори истироҳатӣ низ барои хизматрасонӣ омода карда шудааст.

***

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

***

8 июли соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

8 июли  соли 2022 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон  Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

***

8 июли соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

8 ИЮЛ:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

***

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

***

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Июль 8, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст