Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ

Июль 21, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои мамлакат агар дар соли 2019 дар ҳаҷми 3,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда бошанд, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, рушди он 175,5 фоиз таъмин шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ таҷлил мегардад.

Саноат — яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соҳаи саноат, яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади рушди соҳа аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки дар доираи он дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ –аграрӣ табдил дода мешавад.

Қабули «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ барои давраи то соли 2025» қадами муассир дар рушди саноат

Бо мақсади рушди соҳаи саноати металлургия дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои соҳавӣ таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Яке аз чунин барномаҳо «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» мебошад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 қабул гардидааст.

Барнома бо мақсади ташкили истеҳсолоти инноватсионии рақобатпазир, васеъ намудани номгӯй ва зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, навсозӣ, таҷдид ва ба кор андохтани корхонаҳои амалкунандаи бойгардонии кӯҳӣ, сохтмони саривақтию пайи ҳам ба истифода додани иншооти нави самараноки металлургӣ ва маҷмааҳои бойгардонии кӯҳӣ мавриди амал қарор дода шуда, барои ҷалби сармоя ва тайёр намудани шумораи мутахассисони маҳаллии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургӣ, таъмини соҳа бо захираҳои меҳнатии ихтисосманд, аз ҷумла дорои маълумоти миёнаи техникӣ мусоидат менамояд.

Корхонаи «Зарафшон» сохтмони заводи металлургии истеҳсоли миси металиро ба анҷом расонид

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат бо мақсади рушди соҳаи саноат корхонаҳои бузурги металлургӣ бунёд гардид, ки яке аз онҳо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

Корхонаи мазкур сохтмони заводи металлургии истеҳсоли миси металиро бо усули оксидкунонӣ бо ҷалби беш аз 119 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расонид ва иншооти мазкур 5 июли соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Корхона дар реҷаи таҷрибавӣ саноатӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуда, дар соли 2023 зиёда аз 1005,3 тонна миси катодӣ истеҳсол намуд. Маҳсулоти истеҳсолгардида моҳи сентябри соли 2023 дар намоишгоҳи саноатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ба намоиш гузошта шуд.

Истеҳсоли мис дар шакли штейн ва сурбу нуқра дар шакли сабика ба роҳ монда мешавад

Инчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Чин» доир ба барқарор намудани фаъолияти истеҳсолии заводи сурби амалкунанда, ҷалби мутахассисон ба ин завод ва ба иқтидори лоиҳавӣ расонидани иқтидори истеҳсолии он корҳои муайянеро ба анҷом расонида, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли сурби металиро ба 4,7 ҳазор тонн расонид. Айни замон сурби дар заводи металлургӣ истеҳсолшаванда дорои омехтаҳои сурб 96,5 фоиз, мис 1 фоиз, висмут 0,5 фоиз, сурма 0,2 фоиз мебошад. Дар вақти ба фурӯш баровардани сурби омехтадор унсурҳои мазкур инкор ё бо нархи паст баҳогузорӣ мешаванд. Барои ҳамин зарур аст, ки занҷираи истеҳсолӣ васеъ гардонида шуда, истеҳсоли мис дар шакли штейн, сурб, нуқра дар шакли сабика ба роҳ монда шавад. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 42,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 33,4 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмон дар назар дошта шудааст.

«Ширкати металлургии Анзоб» то охири сол маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол менамояд

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» дар моҳи апрели соли 2020 сохтмони навбати дуюми корхонаро ба анҷом расонида, мақсад дорад, ки то охири соли 2024 навбати сеюми хати технологиро мавриди истифода қарор дода, ашёи хомро пурра дар ҳудуди ҷумҳурӣ коркард намуда, маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол намояд.

Корхонаҳои коркарди металл 49,3 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намудаанд

Дар 6 моҳи соли 2024 корхонаҳои коркарди металл ва истеҳсоли маҳсулоти металлӣ, дар маҷмуъ 49,3 ҳазор тонна ё ба маблағи 321,2 миллион сомонӣ маҳсулоти металлӣ, аз қабили, арматураи сохтмонӣ, сими металлӣ, кунҷаки металлӣ, саққо, қубур ва профили металлӣ, рехтаи пӯлодиро истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 10 ҳазор тонна ё ба маблағи 65,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Суръати афзоиш дар истеҳсоли маҳсулоти гуногуни металлӣ дар ин давра 125,3 фоиз таъмин гардидааст. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир фаъолият намуда, дар 6 моҳи соли 2024 корхона ба маблағи 108,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Қаблан маҳсулоти дар боло номбаршуда аз хориҷи мамлакат бо асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардиданд. Бо иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноати мамлакат имконият фароҳам оварда шуд, ки коркарди пурраи ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва ивазкунандаи маҳсулоти воридотиро истеҳсол намуда, барои ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд
БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол мегардад
Дар Душанбе дар мавзуи «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи энергетика густариш медиҳанд
Иштироки Раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода дар Конгресси XXV INTOSAI дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Миср