Тоҷикматлубот сокинони пойтахтро бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал таъмин менамояд

Июль 30, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар бозорҳои соҳа фаъолияти муътадилро амалӣ намуда, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввалро ба фурӯш мебарорад. Шумораи бозорҳои соҳа 61 ва ҷойҳои нишаст дар онҳо 15647 ададро ташкил медиҳад. Ин нуктаро муовини Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода 30 июл зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бозорҳо ва дигар корхонаву хоҷагиҳои иттифоқи матлубот 20 ҳазору 500 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Ҳамчунин оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» қарор ва нақшаи Раёсат қабул гардида, роҳбарони хоҷагиҳо вазифадор карда шуданд, ки то оғози мавсими захираи маҳсулоти кишоварзӣ ҳама анбору сардхонаҳоро таъмир, омода ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин намоянд.

Дар нишаст ҳамзамон гуфта шуд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 32 анбор дар масоҳати 32 928 метри мураббаъ ва 3 сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд