Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 22˗юми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа прокурорҳои генералии Қирғизистон (мизбон), Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия, Узбекистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо вобаста ба нақшу вазифаҳои прокуратура дар самти истифодабарии технологияҳои муосир дар фаъолияти прокурорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар мавзуи «Нақши прокуратура дар шароити ҷаҳони муосир ва асри рақамикунонӣ: Таҷрибаи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои нав ва таъмини ҳуқуқи инсон» сухан гуфта, таҷрибаи пешқадами мақомоти ҳифзи ҳуқуки ҷумҳуриро дар мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ иброз намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби прокурорҳои генералӣ протоколи ҷаласаи 22˗юми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардид.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






