35-СОЛАГИИ ИСТИҚОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 3090 иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 6260 иншооти нақшавӣ 3090 адади он сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар 6 моҳи имсол 685 иншоот, аз ҷумла таъмиру сохтмони 50 иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ, 15 иншооти фарҳангӣ, 6 бинои истиқоматии бисёрошёна, 22 иншооти варзишӣ, 55 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳ ва 30 пули автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 биною иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода дода шуд. Дар ин замина барои 29,3 ҳазор сокини маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис ёфтааст.
Барои зиёд намудани шумораи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ 739 иншоот ба таври илова ба нақшаи чорабиниҳо ворид шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






