Агентии «Тоҷикстандарт» ба соҳибкорон моҳияти татбиқи стандартҳои байналмилалиро меомӯзонад

Август 23, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар Маркази Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара барои соҳибкорони маҳаллӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории машғулият ба самъи иштирокдорон, хусусан соҳибкорон расонидани мафҳум ва моҳияти татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти истеҳсолӣ, кору хизматрасонӣ, меҳмонхонадорӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ мебошад.

Дар машварат иброз гардид, ки стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO -9000 якчанд талаботи хоссае доранд, ки баъд аз гузаштани марҳилаҳои зиёд ва дар амал татбиқ кардани ҳама талаботи стандартҳо метавон ба сертификати он ноил шуда, фаъолиятро тибқи он ба роҳ монд. Стандартҳои ISO 9001, ISO 14001, ISO 22000, ISO 45001, системаи НАССР ва системаи Ҳалол аз ҷумлаи стандартҳои байналмилалие мебошанд, ки дар истеҳсолот ва хизматрасонӣ танзими ҷиддӣ ба миён меоранд ва дар рушди иқтисодиву истеҳсолии ҳама корхонаҳои тибқи он фаъолиятдошта заминаи устувор мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ аз баргузории вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, аз мутахассисон ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Баргузории машғулияти омӯзишӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ дар истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, гузариш ба низоми идоракунии сифат ва саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар охир як зумра соҳибкорони муваффақ, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намуда, бо Агентии Тоҷикстандарт ҳамкории зич доранд, бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Август 23, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад