Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон бо мавзеъҳои таърихии Бохтар шинос мегардад

Август 22, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 август ҳайати ҳунармандони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар  шаҳри Бохтар бо Муассисаи давлатии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» шинос гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  ҳунармандон ва ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути хатсайри Душанбе ба шаҳри Бохтар омада, то 23 август мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии ин шаҳрро тамошо мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-23 август) барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар баргузор мешаванд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 22, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд