ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 08:00 баргузор мешавад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва нишасти матбуотӣ соати 11:00 (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 82, назди Литсейи касбии алоқа) барпо мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 22 июл оғоз шуда, 9 август ҷамъбаст мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






