Ҷамъи 9: дар кадом суроғаҳои нав метавон масъалаҳои мобилиро дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Хатлон ҳал намуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Боз нуҳ толори фирмавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Хатлон ифтитоҳ гардид. Чун дар дигар нуқтаҳои фурӯши чаканаи танзимгарӣ онҳо дар маконҳои ниҳоят муносиб барои муштариён воқеъ мебошанд.
Душанбе, кӯчаи Амиршоев, 1
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ толори нав дар бинои чанде пеш сохташуда воқеъ мебошад. Дар наздикии он – бонкҳо, мағозаҳо ва хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир ҳастанд.
Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 26
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ толор дар бинои нави истиқоматӣ кушода шуд. Рӯ ба рӯи он – Театри ҷавонон, маркази дилхушии «Космо Ленд», дар биноҳои ҳамсоя – дорухонаҳо, мағозаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ. Масъалаҳои мобилиро метавон ҳамзамон ҳангоми анҷоми харидҳо ҳал намуд.
Душанбе, к. М. Турсунзода, 13/23
Дар атрофи толори фирмавӣ, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ боғчаи кӯдакона, мактаб, бинои идораи ҷумҳуриявии шиносномадиҳӣ, меҳмонхонаҳои «Румӣ» ва «Ватан» ҷойгир мебошанд. Ин барои меҳмонони пойтахт мувофиқ аст.
Ҷамоати Харангон
Толор дар назди роҳи мошингарди ҷониби деҳаи Варзоб ҷойгир мебошад. Акнун ба сокинони ҷамоати сераҳолӣ зарур намеояд, ки ба шаҳр ё маркази ноҳияи Варзоб бираванд, ҳалли масъалаҳои мобилӣ аз худи хона имконпазир аст.
Ҷамоати Истиқлол, к. Селбар, 1
Аҳолии ҷамоати Истиқлол, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Толори нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба алоқа дар ҳамин ҷой ҳал карда шуда, маблағи сафарҳо ба Шаҳринав сарфа карда шавад.
Ҳисор, кӯчаи Сомонӣ, 5
Толори алоқа дар супермаркети «Би-1» кушода шуд. Ин барои муштариёне, ки барои харидҳо меоянд, хеле мувофиқ аст.
Ҷамоати Навободдеҳа, кӯчаи Ваҳдат, 1
Қаблан барои дидани толор мардумро зарур меомад, ки ба шаҳри Турсунзода бираванд. Акнун дар ҷамоат толори фирмавии алоҳида кушода шуд.
Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ
Теъдоди сокинони деҳаи шаҳрмонанди Файзобод зиёда аз 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Қаблан онҳо маҷбур буданд, ки барои харидани SIM-корт ё гирифтани машварат оид ба танзимкунии интернети мобилӣ ба Ваҳдат бираванд. Акнун ба онҳо лозим намеояд, ки бо ин мақсадҳо 30 километр масофаро тай намоянд.
Норак, бозори «Рамзи Норак»
Бозори нав дар Норак охири соли 2023 кушода шуда буд, ин яке аз маконҳои маъруфтарини шаҳр ба шумор меравад. Дар ин ҷой акнун на танҳо метавон ҳама чизҳои заруриро харидорӣ кард, балки аз толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» низ боздид намуд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






