Ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Директори ширкати сайёҳии «Саразм-5500»-и шаҳри Панҷакент дар ҳамоиши «Роудшоу Тоҷикистон- Эрон», ки дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Вазорати саноати дастӣ, мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон иштирок намуда, роҳҳои тавсеаи гардишгариро баррасӣ намуданд.
Ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати сайёҳии «Саразм-5500» ва Ҷумҳурии Исломии Эрон созишномаҳо оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Таъкид гардид, ки дӯстдорони сайёҳӣ дар Эрон ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 августи соли 2024 байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон дар хатсайри ҳавоии Душанбе-Теҳрон низоми бе раводид амал мекунад, ки ба рушди сайёҳии давлатҳои ҳарду ҷониб мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






