Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ тақвият меёбад

Август 28, 2024 13:43

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои такмили ихтисоси кадрҳои соҳа, омӯзиши табодули таҷрибаи илмӣ ва мубодилаи корӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 26 август дар шаҳри Боку зимни баргузории ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо доир ба ҳамкорӣ дар самтҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорию ангурпарварӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, вусъат додани ҳамкорӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва дигар афзалияти соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад