РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон 3580 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, ин шумора то соли 1991 358 ададро ташкил медод
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. То давраи соҳибиситиқлолӣ ( соли 1991) дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 дарҷ гардидааст. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паём изҳор доштанд, ки «танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне, мо ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шуруъ кардем. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем».
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар ду соли охир -солҳои 2022-2023 дар Тоҷикистон беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, то якуми июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар натиҷаи фаъолияти беш аз 250 корхонаи нави саноатӣ дар мамлакат 1714 ҷои кор фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 корхона бо 53 ҷойи нави кор, дар вилояти Суғд 91 корхона бо фароҳам овардани 681 ҷойи кор, дар вилояти Хатлон 42 корхона бо 344 ҷойи кор, дар ноҳияҳои тобеи марказ 39 корхона бо 117 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 62 корхона бо таъсиси 619 ҷойи кор ба истифода дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз 251 корхонаи нави имсол таъсисёфта 62 адад ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, 66 адад ба бахши саноати сохтмон, 58 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, 49 корхонаи дигар ба соҳаи саноати сабук ва пилла марбут мебошад. Инчунин дар соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои қиматбаҳо ва ангишт 5 корхона ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, имсол шумораи корхонаҳои азфаъолиятмонда дар мамлакат 92 адаро ташкил медиҳанд. Сабабҳои асосии аз кор мондани онҳо мушкилоти молиявӣ, яъне қарздории андозию бонкӣ, иҷоравӣ, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ ва болоравии нархи ашёи хом мебошанд. Ба 92 корхонаи аз фаъолият бозмонда 58, 7% ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 41, 3% аз соли 2019 то соли 2022 фаъолият накардаанд, рост меояд. Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва пилла, соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, саноати ангишт ва маъданҳои кӯҳӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд».
Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли равон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол», Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардидааст, ки дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, бахусус раванди коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор чораҳои иловагии таъхирнопазир андешад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамчунин муваззаф гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъсиси маҷмааҳои нассоҷӣ дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои кории нав тадбирҳои зарурӣ андешад.
«Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои соҳа дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва дорусозӣ корҳоро тақвият дода, ҳаҷми истеҳсоли орд, равған, макарон, консерваҳои гӯштиву сабзавотӣ ва дорувориро афзун диҳад», — омадааст дар қарори мазкур.
Вазорати мазкур ҳамчунин вазифадор гардидааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои соҳа ҷиҳати роҳандозии коркарди пилла, ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Хотиррасон мешавем, ки айни замон барои саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин самт «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дар асоси он «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва дигар барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд.
Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатноки саноати ватанӣ, таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз