Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон толори варзишӣ ифтитоҳ гардид

Август 10, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон толори варзишӣ ба истифода  дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 август дар  ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар шудааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби  бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш мебошад.

Зимни баистифодадиҳии иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ёвон иттилоъ дода шуд, ки толор аз ҷониби шахсони саховатпеша ва аҳолии маҳал бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим сохта шудааст. Раиси ноҳия бо ҳайати мураббиён ва тамринкунандагон суҳбат намуда, гуфт, ки ҳамаи ин шароит дар пайравӣ ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад.

Таъкид шуд, ки толори варзишӣ барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сохта шудааст, то наврасону ҷавонон вақти холиашонро дар инҷо гузаронида, ба амалҳои номатлуб даст назананд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Август 10, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид