Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Август 24, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум 22 август дар Душанбе дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд, имзои Ёддошти тафоҳум имкон медиҳад, ки тарафҳо мубодилаи маълумот ва таҷриба оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, ворид намудани барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии ҳайвонҳо, инчунин бехатарии нишондодҳои бехатарии маҳсулоти чорво ва хӯроквориро амалӣ намоянд.

Инчунин дар доираи санади имзошуда баргузор намудани конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо ва маърузаҳои муштарак дар соҳаи байторӣ ва ғайра имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи байторӣ рушд ёбад.

Ёдовар мешавем, ки  22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 24, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид