Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат ба имзо расид

Август 23, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар доираи имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум пешбурди тақвияти ҳамкории тарафҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, инчунин сода гардонидани мубодилаи таҷриба мебошад.

Тибқи ёддошт, мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва иттилоот дар соҳаи стандартизатсия, аз ҷумла маълумот дар бораи системаи миллии стандартизатсия, қоидаҳо ва тартиби таҳияи стандартҳо ва шарҳҳо дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи стандартҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон байни тарафҳо гузаронидани муқоиса ва андозагирии маҳакҳои миллӣ, рушд ва такмили самтҳои ченкунӣ, ки ба манфиати тарафҳо мебошад, табодули иттилоот дар соҳаи метрология ва табодули таҷриба дар самти назорати давлатии метрологӣ амалӣ мешавад.

Инчунин дар доираи таҷрибаи санҷишҳои лабораторӣ таҳия ва татбиқи тарзи (усулҳои) ченкунӣ, аз ҷумла усулҳои референтӣ дар назар буда, мубодилаи маводи таълимӣ дар соҳаи стандартизатсия ва метрология амалӣ хоҳад шуд.

Дар доираи ёддошт омодасозии кадрҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, инчунин дигар соҳаҳое, ки тарафҳо дар асоси шартҳои судманд таваҷҷуҳ доранд, ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан низ Тоҷикистон ва Қазоқистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат созишнома ба имзо расонида буданд, ки муҳлати он анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 22 август пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро низ ба имзо расониданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 23, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад