Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Август 24, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ ба имзо расонида шуд.

Ёддошти тафоҳум пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар доираи Ёддошти тафоҳум ҳамкории шарикӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон,  нақшаи пешбарии кишоварзӣ дар тезонидани тараққиёти иқтисодии ҳарду давлат бо мақсади ноил гардидан ба ҳамкории амиқи минбаъдаи мутақобилан судманди тарафҳо барои рушди ҳамаҷониба амалӣ мешавад.

Дар доираи он тарафҳо ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи рушди инноватсионӣ ва рақамӣ, тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзиро дар асоси қонунгузории давлатҳои худ амалӣ намуда, инчунин ба рушди муносибатҳо байни субъектҳо, рушди ҳамкорӣ   дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо равнақ мебахшанд.

Дар доираи ин санад ҷонибҳо нақша доранд, ки дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонии кишоварзӣ ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии муштарак, семинарҳо ва чорабиниҳо, табодули корҳои илмӣ дар соҳаи инноватсионӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзиро барои мақсадҳои иттилооотӣ амалӣ намоянд.

Зимни амалӣ гардидани Ёддошти тафоҳум ҳамкории хадамоти миллӣ, ҳифзи растанӣ ва карантин бо назардошти равишҳои инноватсонӣ ва рақамӣ бештар мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда мусоидат намудан ба ҳамдигар дар баланд бардоштани таҷриба ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи илми инноватсия, гузаронидани семинару тренингҳо барои ҳар ду тараф барои баланд бардоштани сатҳи таҷрибаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар таҳия ва татбиқи технологияҳо дар бахши кишоварзӣ, омӯзиш ва таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, гузаронидани даврҳои таълимӣ оид ба технологияҳои GIS бештар мегардад.

Ҷонибҳо нақша доранд, ки дар доираи ин ёддошт табодули иттилоотӣ ва таҷрибаи кориро оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ба талабот ҷавобгӯ, инчунин дар соҳаи ташкили аквапаркҳо, биоинжинерӣ ва биоинформатика, агрономӣ, агроэкология, биоэкология, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, агроинжинерӣ, рақамикунонӣ ва дигар соҳаҳаи кишоварзӣ таҳким бахшанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 24, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад