Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 4300 нафар бекор ба кори ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд

Август 26, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҷониби корфармоён 4300 нафари бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолибуда ба кори ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда 61,4 фоизи пешгӯии солонаи барномаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат хабар доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 367 нафар, вилояти Хатлон 1367, вилояти Суғд 1129, шаҳри Душанбе 210 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1227 шаҳрванди бекор ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардид.

Аз ин шумора дар ин давра 881 муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ маҷмуан аз рӯи 11 номгӯй корҳои ҷамъиятӣ ба иҷро расиданд, ки 25,5 фоизи номгӯи корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон аз шумораи умумии шаҳрвандоне, ки ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шудаанд, 1759 нафар (40,9%) зан ва 1630 нафар (37,9%) ҷавонон мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 26, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд