Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа аъзои шуро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд.
Дар доираи ҷаласа баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар назар аст.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин шуро ҳамчун нозир иштирок намуда, шуруъ аз соли 2021- баъд аз гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ узви комилҳуқуқи шуро интихоб гардид.
Ҷаласаи VIII Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия 4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар асоси қарори ин ҷаласа Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.
Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шуро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






