Дар Душанбе ба маблағи зиёда аз 47 миллион доллар созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Созишномаҳоро 23 август Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Шени Кемпбел имзо намуданд.
Арзиши лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» 17,5 миллион доллари амрикоӣ ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» 30 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мегарданд.
Ҳадафи лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» баланд бардоштани ихтисос, омӯзиши технологияи муосири истеҳсолот, навоварӣ ва қобилияти таҳким барои навсозии системаи тақсимоти маълумоти вобаста ба маърифатнокии кишоварзӣ ба занони деҳот ва кормандони соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Мақсади асосии маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» беҳтар намудани таъмини хизматрасонии босифат барои саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаҳою марказҳои саломатӣ, бунёди таваллудхонаҳо, таъмини таҷҳизоти муосир барои саломатии модар ва кӯдак, инчунин баланд бардоштани донишу малакаҳои кормандони соҳаи тиб барои хизматрасонии тиббӣ мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






