Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» даври ноҳиявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.
Дар озмун намоиши маҳсулоти коргоҳҳои қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияи маҳдуди «Муъҷиза», «Реал-трейдинг», Маркази савдои «Пайкар», корхонаи саноатии «Лаззат» ва маҳсулоти занони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ба ҳайати ҳакамон пешниҳод карда шуд.
Дар озмун муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз дошт, ки тайёр намудани анвои ширинӣ аз қадимулайём ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳаёти иҷтимоии мардуми манотиқи гуногуни мамлакат ворид гардида, ҳалвоҳо ва ширавориҳо бахши муҳими дастархони суннатии миллати тоҷик ба шумор мераванд.
Таъкид гардид, ки занони тоҷик омода намудани маҳсулоти қаннодиро дар оянда боз ҳам равнақу ривоҷ дода, дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавондухтарон саҳми муносиб мегузоранд.
Ғолибони озмун барои иштироки фаъолона, саҳми муносиб гузоштан дар пешрафти ҳунарҳои пухту паз, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






