Дар Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ мегардад.
Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ду панел: «Сармоягузории мутақобила-роҳҳои нави ҳамкорӣ» ва «Инноватсия ва технологияҳои муосир- манбаи имконияти сармоягузорӣ» гузаронида шуда, доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории ду давлатро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ менамоянд.
Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардида, ҳамзамон лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар доираи форум баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду давлат дар назар аст.
Инчунин аз натиҷаи вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад






