Дар Душанбе масъалаи минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон ва идораи хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ 14 август дар вохӯрии ҳарду ҷониб баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи минтақаҳои осебпазири мамлакат, татбиқи лоиҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва наҷотдиҳӣ баррасӣ гардид.
Инчунин Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар бораи фаъолияти Кумита, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, дастгирии ҳукумати мамлакат ба аҳолӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ маълумот дод.
«Мо танҳо тавассути ҳамкории зич метавонем ба татбиқи муассири лоиҳа ба нафъи мардуми тоҷик ноил гардем»,-иброз дошт зимни вохӯрӣ муовини директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Сяохун Ян.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории минбаъда табодули назар ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






