Дар Душанбе вобаста ба омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат дар Тоҷикистон ҳамоиш доир мешавад
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷот ва талаботи корфармоён» ҳамоиш баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои масъулини Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиш самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ мешаванд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва корхонаву ширкатҳои хусусии ватанӣ иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад






