Дар Иди тарбуз, харбуза ва каду кишоварзони пешқадам қадрдонӣ гардиданд

Август 26, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид, ки барои иштироки фаъолона, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон ва эҳёи анъанаҳои парвариши каду, харбуза ва тарбуз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо «Дипломи дараҷаи 1», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо «Дипломи дараҷаи 2» ва кишоварзони шаҳри Ҳисор бо «Дипломи дараҷаи 3» сарфароз гардонида шуданд.

Тавре мухбири  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамзамон  кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва иштирокдорони фаъол бо  «Сипоснома»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар намоиш навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва каду пешниҳод гардида, сокинони шаҳри Душанбе бо нархи нисбат ба бозор арзонтар аз онҳо харидорӣ намуданд. Инчунин дар ин рӯз аз маҳсулоти кишоварзӣ навъҳои гуногуни таъом, шарбат, мураббо ва обмева омода гардида буд.

Аз ҷониби масъулин байни иштирокдорон озмуни «Беҳтарин харбузахӯр» доир шуд. Ба иштирокчие, ки дар вақти муайяншуда харбузаи бештар истеъмол намуд, таҳфа тақдим гардид.

Саҳни ҳамоиш бо маҳсулоти полезии тарбуз, харбуза ва каду ба шакли пирамида оро ёфта буд, ки диққати иштирокдоронро ҷалб намуд. Олимони соҳаи кишоварзӣ дар гӯшаи ин идгоҳ вобаста ба маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳамияти он тавсияю варақаҳои иттилоотӣ  пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар 23 632 гектар маҳсулоти полезӣ кишт шудааст, ки 18 614 гектари он тарбуз ва 5019 гектари он харбуза мебошад.  Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 августи имсол истеҳсоли полезиҳо ба 565 310 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  19 281 тонна зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд