Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, ки 13 июли имсол дар натиҷаи пайи ҳам фаромадани сел чандин хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғу заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд, бартараф мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Дар айни замон дар ин деҳаҳо ҳашари дастҷамъӣ ташкил гардида, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба он ҷалб шудаанд. Корҳои бартарафкунӣ ва сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида идома доранд.
Сохтмончиён ният доранд, ки то фарорасии фасли сармо бунёди хонаҳоро ба итмом расонанд.
Бунёди хонаҳои истиқоматиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон – Сохтмон» ба уҳда гирифтааст.
Дар баробари сохтмони 15 манзили истиқоматӣ дар мавзеи навбунёд дигар имконоту инфрасохтор пурра бунёд мегардад. Аз ҷумла, хати барқу об, роҳи нақлиётӣ, пиёдараҳ, майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода мешаванд.
Ҳоло дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 корҳои бартарафсозӣ ва таъмири асосӣ идома дошта, корҳо дар ин самт 90% иҷро шудаанд. Дар бино дару тирезаҳои наву замонавӣ насб шуда, дигар лавозимот низ бо сифату стандартҳои замонавӣ таъмин мешаванд. Умед аст, ки 1 сентябр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дари худро барои толибилмон боз менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






