Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд

Август 18, 2024 16:00

Ш. ШОҲИН, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин корҳои сохтмонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 рушд ёфтанд. Дар шашмоҳаи якуми имсол ба маблағи 20 миллиону 519 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки нисбат ба соли 2023 7 миллиону 32 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Зафар Гулзода иттилоъ дод.

Ба маблағи 15 миллиону 940 ҳазору 700 сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аз 0,7 то 4,4 афзоиш ёфтааст. Ҳоло бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 216 иншоот ба нақша гирифта шуда, 84 адади он ба истифода дода шуд. Инчунин дар ноҳия омодагӣ ба соли нави хониши 2024-2025 дар муассисаҳои таълимӣ идома дошта, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз таъмир бароварда шуда, бо мизу курсӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, аз он 8 муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 кӯдакистон, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва маркази техналогияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.

Аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия барои дӯхти либосҳои мактабӣ ба миқдори 28 067 дона либос шартнома баста шуд. То имрӯз иҷрои дӯхти либосҳои мактабӣ 3988 ададро ташкил дод, ки ба 14,2 фоизи иҷрои нақшаи тасдиқшуда баробар мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 18, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ