Дар ноҳияи Спитамен роҳи пойгоҳи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа мумфарш карда мешавад
СУҒД, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен мумфаршкунии роҳи пойгоҳи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа оғоз гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон ба мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар иҷрои ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст назаррас аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи истгоҳи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа 3,7 км буда, 2,5 километри он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 1,2 километри он бо саҳми сокинону соҳибкорон мумфарш карда мешавад. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Ваҳдат-2018» мебошад.
Дар ноҳия дар шашмоҳаи якуми имсол 1 ҳазору 6 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 километр таъмири асосӣ, 364,8 километр таъмири ҷорӣ ва 528,9 километр шағалпӯш гардида, мумфаршсозиву таъмири роҳҳо идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






