Дар шаҳри Хоруғ барномаҳои ҳарбӣ-ватандӯстона гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барномаҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои беназири мамлакат маҳсуб шуда, он бо заҳмату талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар ин давра барои ҷавонону варзишгарони мамлакат шароити хуби зиндагӣ ва амнияти осоишта таъмин гардид.
Ҳоло шароити сарбозону афсарон аз лиҳози моддиву маънавӣ ва дастрасӣ ба техникаҳои муосир беҳтар гардида, аз ҷавонони ватандӯст танҳои зиракиву ҳушёрӣ, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани хоки муқаддаси ин сарзамин талаб карда мешавад.
Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари адои хизмати Модар-Ватан бо нишон додани ҳисси баланди худшиносӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва савганди ҳарбӣ ба Пешвои миллат ва халқу Ватани худ содиқу сазовор монда, минбаъд низ барои ҳифзи якпорчагии мамлакат, таъмини амният, ҳифзи сулҳу субот ва ҳимояи марзи Тоҷикистон кӯшиш менамоянд.
Дар доираи баргузории барномаҳо байни сарбозон мусобиқаҳои хурди варзишӣ, аз қабили дастхобонӣ гузаронида шуда, дар фарҷом як зумра афсарону сарбозон барои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






