Дар шаҳри Хоруғ мағозаи фурӯши мебел ба фаъолият оғоз намуд

Август 4, 2024 11:04

ДУШАНБЕ, 04.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Хоруғ мағозаи фурӯши мебели мулоим ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Мағоза бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Акмал Курбонбеков ташкил шуда,  дар он асосан мебели мулоим, мизу курсӣ, ҷевонҳои гуногун ба фурӯш гузошта шудаанд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода бо фаъолияти ин мағоза шинос шуда, барои ин иқдоми саривақтӣ ба соҳибкор изҳори сипос намуд.

Қаблан сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят мебели мулоимро аз шаҳри Душанбе дастрас мекарданд. Дар айни замон бо кушода шудани ин мағоза мушкилоти аҳолӣ осон гардида, сокинон метавонанд мебелҳоро дар шаҳри Хоруғ дастрас намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Август 4, 2024 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд