Дар шаҳри Кӯлоб 203 иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд, навсозӣ ва таъмири 494 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли имсол аз ин шумора 203 иншоот ба истифода дода шуд, ки ба 41 фоизи нақша баробар мебошад. Ҳоло дар 165 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин замина дар шашмоҳаи якуми имсол 1247 ҷойи нави кори доимиву муваққатӣ таъсис дода шуд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 179,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2023 26,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки 47 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 афзоиш дода, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мелиоратор» 1 коргоҳи бетонбарорӣ мавриди истифода қарор гирифт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






